Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи НАТО дар Брюсел ҷамъ меоянд


Имрӯз вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар дар Брюссел ба баррасии масоили марбут ба вазъи Афғонистон ва равобит бо Русия, Украина ва Гурҷистон шурӯъ мекунанд. Ин мулоқот бо нишасти комиссиюни НАТО-Украина оғоз меёбад ва ба думболи он нишасти комиссиюни НАТО-Гурҷистон доир мешавад. Дар ин ду нишаст асосан сари он мавзӯъ тамаркуз хоҳад шуд, ки Украина ва Гурҷистон дар талошҳо барои вуруд ба Паймони НАТО то куҷо пешрафт кардаанд. Дар ин мулоқот ҳамчунин мавзӯъи пайвастани Боснияву Ҳерсеговина ва Черногория ба Барномаи амали узвият ба НАТО баррасӣ мешавад.
Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО перомуни стратегияи нави Амрико дар қиболи Афғонистон ва имкони интиқоли нерӯҳои нав ба Афғонистон гуфтугӯ кунанд.
XS
SM
MD
LG