Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбиниҳо аз раёсати Қазоқистон дар САҲА


Як мақоми олирутбаи Созмони амният ва ҳамкорӣ (САҲА) дар Аврупо изҳор намуд, ки раёсати Қазоқистон дар ин созмони байнулмилалӣ барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Зимни суханронӣ дар нишасти Афина, раиси Бюрои САҲА оид ба сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар Янез Ленарчич гуфт, ки Остона "бояд ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад". Аз ин пеш созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тасмим дар бораи бар дӯши Қазоқистон гузоштани раёсати САҲА дар соли 2010-ро танқид карда буданд. Аз нигоҳи ин созмонҳо, солҳои ахир вазъи озодии матбуот ва озодиҳои мазҳабӣ дар Қазоқистон бадтар шудааст.
XS
SM
MD
LG