Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: "Истиқрори нирӯҳо дар 2-3 ҳафта шурӯъ мешавад"


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки истиқрори бахши аввал аз 30 ҳазор нирӯи иловагии амрикоӣ дар Афғонистон дар ду-се ҳафтаи наздик шурӯъ мешавад. Зимни суханронӣ дар баробари сенат дар Вашингтон Гейтс гуфт, ки нирӯҳои нав дар қисматҳои ҷануб ва шарқи ин кишвар мустақар шуда тамоми куллии ҷараёни истиқрори нирӯҳо аз 18 то 24 моҳро дар бар хоҳад гирифт. Гейтс аз давлатҳои муттафиқи Амрико дар паймони НАТО дархост кард, ки ба Афғонистон аз панҷ то ҳафт ҳазор нирӯи иловагиро сафарбар карда ҳамчунин дар тамрини сарбозони милии ин кишвар кӯмаки худро дареғ надоранд. Вай гуфт, ки ҳадафи интиқоли вогузории масъулият ба дӯши нирӯҳои миллии Афғонистон калидӣ буда “қобили иҷро” аст. Бо шумули нирӯҳои иловагӣ шумори куллии сарбозони амрикоӣ дар хоки Афғонистон ба 100 ҳазор нафар баробар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG