Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисмати маълулон дар Аврупо


Баъди фурӯпошии режими коммунистӣ 20 соли пеш ҷомеаи Ҷумҳурии Чех дар амри беҳбуд баҳшидан ба ҳаёти маъюбон ба пешравиҳои зиёд даст ёфт, ки аз шароити зиндагиву зисти онҳо сар карда, то имтиёзҳои иҷтимоиро дар бар мегирад. Дар остонаи таҷлил аз рӯзи байналмилалии афроди имконияташон маҳдуд нигоҳе мекунем ба вазъи маъюбон дар ҷомеаи як кишвари Аврупои Шарқӣ.

Хонум Рената ва рафиқи деринаи ӯ Ярослав дӯст медоранд, ки чандин бор дар давоми сол савори аробачаҳо аз шаҳри дуюми калонтарини Чех – Брно ба пойтахти кишвар Прага саёҳат кунанд. Онҳо ҳамроҳ дар як парастишгоҳи вижаи афроди маълул дар ҳамсоягӣ бо ҳамқисматони зиёди дигарашон зиндагӣ мекунанд ва дӯст медоранд соле чанд бор барои анҷоми баъзе корҳо ва ё барои тафреҳу тамошои намоишномаҳои нави театрӣ ба Прага биёянд. Рената мегӯяд, ки баъди соли 1989 хиёбонҳои серодаму серташвиши Прага хеле дигаргун шудааст:

“Баъди соли 1990 бисёр чиз тағйир ёфт. Масалан, ин аробачаҳои электронӣ ба бозор арза шуд. Ва ҷою макони хеле зиёд барои маъюбон мувофиқ гардонда шуд, то ки шумо на аз канораи роҳ, балки дар байни мардум бигардед. Дар ин замина қонуну қарорҳои зиёд қабул шудааст. Ҳоло вазъ ғайри қобили муқоиса беҳтар шудааст”.

Рената мегӯяд, ӯву Ярослав зиндагии худро бидуни мушкил бо нафақаи ҳармоҳа ва маоше, ки аз кор дар як ширкати ҳуқуқӣ ва кори компютер дарёфт мекунанд, танзим мекунанд. Онҳо инчунин барои истифода аз нақлиёт имтиёзҳое дошта, барои анҷому сариштаи кори хона ва хариду нигоҳубини хусусӣ ёвар доранд.

Ватслав Краса, раиси шӯрои миллии маъюбони Ҷумҳурии Чех ва вакили пешини парлумон мегӯяд, вақтҳои охир воқеан ҳам дар ҳақи маъюбон ғамхории зиёд зоҳир мешавад. Вай ингуна пешравиҳоро дар масоили дастрасӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ, дарёфти ҷои кор, коҳиши молиёт барои ширкатҳое, ки маъюбонро ба кор қабул мекунанд ва пешкаши маблағҳои муайян ба корхонаҳо барои мутобиқсозии шароити ҷои кори маъюбон номбар кард. Шаҳрдории Прага ваъда додааст, ки ҳар сол аз ҳисоби буҷа 11 миллион доллар маблағро барои мутобиқсозии метроҳои пойтахт ба аробачаҳои маъюбон масраф кунад.

Вай гуфт, дар ҳоле ки шӯрои онҳо барои машваратҳои доимӣ дар масоили ба танзим даровардани муқаррароти марбут ба маъюбон ҷалб мешавад, аммо ҳамоно камбудиҳое дар ин қонунҳо ба мушоҳида мерасад:

“Гоҳо масъалаҳои марбут ба табъиз мавҷуд аст. Ва ё ин ки барои маъюбон корҳои пасту камарзиш пешниҳод мешавад, гоҳо маъюбон аввалин шуда, аз кор озод мешаванд. Мо ҳанӯз қонуни манъкунандаи чунин тасмимҳоро надорем. Вале ба назари ман, агар кордиҳандагон аз пешкаши кор ба маъюбон худдорӣ кунанд, ба манфиати кор нахоҳад буд. Аз ин рӯ, намешавад гуфт, ки ин ҷо дар масъалаи кори маъюбон табъиз вуҷуд надорад. Мо талош дорем ин гуна мавридҳоро кам кунем. Мо ҳоло як қонуни зиддитабъиз дорем, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи маъюбон имконият медиҳад. Ва мо инчунин як маркази бузурги машваратӣ ҳам дорем, ки барои кӯмак ба ин гуна одамон хизмат карда ҳуқуқшиносҳои мо ба онҳо кӯмак мекунанд”.


Дар канори ин шӯро дар ҷомеаи Чех инчунин созмонҳои ҷамъиятӣ ё ғайридавлатӣ ҳам фаъоланд, ки барои осон кардани шароити зиндагии маъюбон амал мекунанд. Масалан, яке аз ин созмонҳо бо исми “Мадад” дар давоми даҳ соли охир барои нафарони ниёзманди хеле зиёд дар пайдо кардани шуғл кӯмаки амалӣ расондааст. Вале ҳамоно мизони бекорӣ дар миёни ин бахши ҷомеа баланд буда 50 дарсадро ташкил медиҳад. Оқои Краса мегӯяд, бо ин вуҷуд, вазъи маъюбон дар ин ҷумҳурӣ гоҳо ба маротиб беҳтар назар ба баъзе давлатҳои дигари аврупоӣ аст.
XS
SM
MD
LG