Пайвандҳои дастрасӣ

Хоҷа Абдулазиз Ашӯров 28 сол қабл аз модар маълул ба дунё омадааст. Як по ва ҳар ду дастонаш иллат дорад, панҷаҳои дасташ тақрибан нест ва пои росташ каме поинтар аз зону аст. Барояш роҳ рафтан ва чизеро ба даст гирифтан мушкил аст.

Ӯ дар як деҳаи дурдаст, дар кӯҳистони Масчо, ки он ҷо чизе барои ҳаракат ва зиндагии маълулон фароҳам нест, мактаби миёнаро хатм кардааст. Рӯзҳое, ки ҳаво бебориш ва хушк буд, бо кӯмаки дастон нишаста, роҳ ва ба мактаб мерафт. Рӯзҳои сарду боронӣ, нафаре бо пуштора ӯро ба мактаб мебурд.

Ба Душанбе омад ва ба ӯ гуфтанд, ки наметавонанд барояш пои сунъӣ бисозанд, агар панҷаҳои пои заъиф инкишофёфтаи пояшро набуранд. Тасмим гирифт, то бо дастони худ барои худ пои сунъӣ бисозад.

Дар пешорӯи Рӯзи ҷаҳонии маълулон, ки ҳамасола 3-юми декабр таҷлил мешавад, наворбардори Радиои Озодӣ меҳмони Хоҷа Абдулазиз гардид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG