Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод дар Русия (Бахши 1)


Дмитрий Медведев, президенти Русия
Дмитрий Медведев, президенти Русия

Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев мубориза бо фасодро яке аз ҳадафҳои марказии худ қарор додааст. Вале бисёриҳо мегӯянд, фасод яке аз роҳҳои асосии тиҷорату сиёсат дар ин кишвар аст ва иҷрои ваъдаи Медведев осон нахоҳад буд.

Фарҳанги ришват ҳатто аз назари худи Медведев ба ҷое расидааст, ки ҳатто ба ҳастии Русия чун як давлати мустақил таҳдид мекунад.

НИГОҲЕ АЗ ДОХИЛ

Ҳар як ронандаи Маскав медонад, ки манъ шудани мошин аз ҷониби бозрасони давлатӣ чӣ маъно дорад: барои як гуноҳи оддӣ
Мубориза бо фасод дар кишвари мо як вазифаи хеле сахт аст, ки таҳаммулу тоқати зиёдро дар солҳои тӯлонӣ талаб мекунад...
ронандаро таҳдид ва шадидан ҷаримабандӣ мекунанд ва ё ҳатто метавонанд аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кунанд. Пас роҳи ҳал дар куҷост? Дар ришват аст, ки маъмулан 20 доллар арзиш дорад.

Владимир Малтсев, ки дар маркази Маскав дар дохили мошини худ нишастааст, мегӯяд, ингуна ҳодисаҳо қариб ҳар рӯз рӯй медиҳад: “Ман ба ҳайси як ронанда бо кормандони бозрасӣ зиёд вомехӯрам. Ҳамаи онҳо фасодзада ҳастанд, ҳама порахӯранд”.

Малтсев афзуд, ки ингуна монеаҳои молӣ ҳангоми кори ӯ ба ҳайси як соҳибкор зиёдтар пеш меояд: масалан ба наздикӣ, гуфт ӯ, бо баҳонаи ин ки ширкати таҳти раҳбарии вай кадом як санадро пешкаши бонк накардааст, қариб буд аз суратҳисоби худ маҳрум шавад.

Вале ҳатто баъд аз он ки ин санади лозима ба бонк супурда шуд, ӯ мебоист се ҳафтаи дигарро барои комилан бартараф кардани ин мушкил сарф мекард.

Саранҷом, кадом корманди бонк ба ӯ оҳиста “машварат” дод, ки бояд ба фалон кас пора диҳад, ки кораш дубора ба маҷрои оддӣ баргардад.

Борис Немтсов
Малтсев мегӯяд, ки дар асл ришват кори ширкатҳоро фалаҷ мекунад. Ғайр аз ин, аз назари ӯ, фарҳанги ришвату фасод дар низоми иҷтимоиву сиёсии кишвар чунон амиқ реша давондааст, ки имтиҳонсупории донишҷӯро бидуни додани пора ба омӯзгор тасаввур кардан душвор шудаасту дастрасӣ ба хадамоти дурусту ҳамаҷонибаи тиббӣ як кори сахт аст. Бе пора аз артиш озод кардани писар ҳам аслан имкон надорад. Дар яке аз пурсишҳои ахир дар Русия 60 дар сад гуфтаанд, ки ҳадди аққал як бор пора дода, кори худро буд кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев, ришват метавонад ба суботи Русия таҳдид кунад: “Мубориза бо фасод дар кишвари мо як вазифаи хеле сахт аст, ки таҳаммулу тоқати зиёдро дар солҳои тӯлонӣ талаб мекунад. Вале аллакай аз ҳоло ман гуфта метавонам, ки баъзе беҳбудӣ ҳаст.”

Медведев баробари сари кор омаданаш ба ҳайси президенти Русия соли гузашта мубориза бо фасодро яке аз вазифаҳои муҳими худ эълон карда буд. Ӯву мақомоти дигари баландпоя расман дар бораи даромадҳои худ гузориш доданд ва чунин як иқдом барои бори аввал рӯй дод.

Вале баъзе аз натиҷаҳои ин гузориш воқеан ҳам суолбарангез буд. Масалан, раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров, ки дар як сохтмони қасрмонанд зиндагӣ мекунад, эътироф кардааст, ки як хонаи хурду мошини тамғаи Lada доштаасту тамом.

НИГОҲЕ АЗ БЕРУН


Назар ба гузориши ахири созмони Шаффофияти байнулмилал ё Transparency International Русия яке аз фасодзадатарин давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва дар миёни 180 давлат дар мақоми 146-ум қарор дорад.

Дар ин замина ҳатто омори расмӣ ҳокист, ки соли гузашта ҳаҷми миёнаи ришва дар ин кишвар 32 000 долларро ташкил додааст. Дар бозори сиёҳи ришват, мегӯянд ин гузоришҳо, соле 300 миллиард доллар мечархад, ки дар натиҷа ба қимати ғизо, хизматрасонӣ ва пинҳонкориҳои зиёди даромади соҳибкорон таъсири мустақим мегузорад.

Борис Немтсов, яке аз раҳбарони мухолифини Русия мегӯяд, ки риштаи сохтмон ва ё бунёди роҳҳо дар ин кишвар яке аз фасодзадатарин бахшҳои иқтисод ба шумор меравад.

Ӯ мегӯяд, масалан, барои сохтмони ҳалқаҳои роҳҳои атрофи маркази Маскав ҳудудан 570 миллион доллар масраф шудааст: “Ман қимати сохтмони роҳҳоро дар Маскав бо коллайдери азиме, ки ахиран дар Швейсария сохта шуд, муқоиса мекунам. Коллайдер ба маротиб арзонтар аст, инчунин туннели азиме, ки аз зери об гузашта Бритониёро бо Фаронса пайваст мекунад, ҳамчунон хеле арзонтар аст”.

Ҳамаи ин боиси болоравии нархҳо ва ба як шаҳри гаронқимат табдил шудани Маскав баъди Токиову Осака шудааст.

Немтсов, ки ахиран гузоришеро роҷеъ ба мири шаҳри Маскав Юрий Лужков ва даст доштани ӯву ҳамсараш Елена Батурина ба фасодро
Ин мисли кори мошин аст, ки то бензин надошта бошад, ҳаракат намекунад...
нашр кардааст, мегӯяд, дар ҳама дигар давлатҳои ҷаҳон ингуна қазияҳо мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи тартибот ва парлумон қарор мегирад, аммо на дар Русия.

Акси Елена Батурина дар муқоваи маҷаллаи Forbes
Ӯ дар ин гузориш менависад, Батурина раҳбари ширкати азими сохтмонӣ аст, ки ӯро ба як зани сарватмандтарини кишвар табдил додааст. Аз дасти ӯ тарҳҳои муҳимтарини сохтмонӣ мегузарад, аммо ҳеҷ ниҳоди зиддикоррупсионӣ наметавонад барои баррасии даромадҳову тарзи гардиши маблағҳои ин ширкат ӯро ба ҷавобгарӣ кашонад.

Ин аст, ки ба қавли Евгений Архипов, раҳбари як созмони бо номи Кумитаи зиддифасод, бисёр сокинони оддии Русия дигар бовар надоранд, ки метавонанд дар сурати ба дасти як ришвахор афтоданашон ҳуқуқи худро ҳимоят кунанд. Вай мегӯяд, бисёриҳо медонанд, ки беҳтар аст масъалаҳои худро бо додани пора ба мақоме ҳал кунанд, назар ба ин ки худро дучори мушкилот гардонанд.

Як ҷомеашиноси дигари рус, Лев Гудков, мегӯяд, ки масъалаи решаканкунии ришват аз он хотир қариб номумкин шудааст, ки пораву порадиҳӣ ҳоло як бахши зиндагии маъмулии шаҳрвандон мебошад. Ва тиҷоратҳои азим танҳо дар сурати додани пулҳои калон ба мақомот арзи ҳастӣ карда метавонанд, роҳи дигар вуҷуд надорад. Гудков меафзояд, “ин мисли кори мошин аст, ки то бензин надошта бошад, ҳаракат намекунад”.
XS
SM
MD
LG