Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Вошингтон ва Лондон аз тасмими Теҳрон


ИМА аз тасмими Эрон барои бунёди корхонаҳои нави ғанисозии ураниум интиқод кард. Намояндаи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, “агар ин ҳақиқат аст, пас он боз як намунаи поймолсозии ҷиддии ӯҳдадориҳо аз сӯи Эрон ва поймолсозии қатъномаҳои пешини Шӯрои амнияти СММ дар қиболи Теҳрон хоҳад буд”. Мақомоти Британия низ аз тасмими Эрон барои бунёди корхонаҳои нави ғанисозии ураниум изҳори нигаронӣ кард, онро “нақзи барқасдонаи қатъномаи СММ” хондаанд.
Дирӯз ҳукумати Эрон эълом дошт, ки дар кишвар боз даҳ корхонаи ғанисозии ураниум бунёд хоҳад шуд. Ба иттилоъи расонаҳои Эрон, корхонаҳои нав аз рӯи ҳаҷм ва тавлидот ба корхонаи воқеъ дар Натанз баробар хоҳанд буд
Охири ҳафтаи гузашта Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ бо қабули як қатъномаи шадидуллаҳн аз Эрон хоста буд, то бунёди корхонаи чанде пеш ошкоршудаи ғанисозии ураниум дар наздикии шаҳри Қумро бандад, ҳадафи бунёди ин корхонаро ташреҳ кунад ва ҷомеъаи ҷаҳониро мутмаин созад, ки ғанисозии ураниумро тавсеъа бахшиданӣ нест.
XS
SM
MD
LG