Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҷӯёи кӯмак аз як бунёди молӣ


Владимир Кудрин – вазири дороии Русия гуфтааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ният доранд, аз Бунёди молии зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии кишварҳои АвруОсиё расман кӯмак бихоҳанд. Вазири рус, рӯзи ҷумъа гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти ин бунёдро дар ҷараён гузоштаанд, ки мехоҳанд, аз ин бунёд кӯмаки молӣ бигиранд. Бунёди молии зиддибӯҳронии кишварҳои АвруОсиё, ки моҳи феврал барои таъсиси он мувофиқа карданд, бояд 10 миллиард доллар дошта бошад ва ба дар сурати бӯҳрон ба кишварҳои мӯҳтоҷ кӯмак кунад. Аммо ба гуфтаи Владимир Кудрин ҳанӯз шеваи баррасии дархост барои кӯмакҳо маълум нест. Аъзои кишварҳои Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё моҳи феврал эълом карданд, ки тақрибан 8 миллиард доллари бунёд аз ҳисоби Русия ва боқимонда аз ҳисоби кишварҳои дигари узв захира мешавад. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ воридот ба буҷаи Тоҷикистон кам карда, кишварро маҷбур намуд, то нишондодҳои иқтисодӣ ва буҷаи имсолаашро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG