Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири кори Олмон аз мақомаш истеъфо дод


Вазири кори Олмон, ки моҳи сентябр вазири дифоъ буд, барои пинҳон доштани ҳалокати ғайринизомиёни афғон дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ аз мақомаш истеъфо дод. Франс Ҷозеф Янг дирӯз доир ба истеъфояш эълом дод ва як рӯз баъд аз онки фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва муовини вазири дифоъи Олмон ҳам аз мақомҳояшон истеъфо доданд. Ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО дар вилояти Қундузи Афғонистон дар рӯзи чаҳоруми сентябр ба амри фармондеҳи олмонӣ сурат гирифт ва дар он даҳҳо ғайринизомӣ ҳалок шуданд. Ҷозеф Янг дар он замон пайваста марги ғайринизомиён дар ҳамларо рад карда буд, ки барои маҳви ду мошини боркаши рабудашуда аз тарафи Толибон анҷом гирифт.
XS
SM
MD
LG