Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон се гирифтори "зукоми хук" ошкор шуданд


Вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон аз ошкор шудани се далели мубталоӣ ба маризии “зукоми хук” иттилоъ дод. Фотима Ғоибова, масъули дафтари матбуотии ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфт, ки айни ҳол боз як нафари дигар мавриди ташхиси табибон қарор дорад. Ӯ афзуд, ки ҳарсе гирифторони маризии “зукоми хук” ахиран аз кишварҳои хориҷӣ - аз Италия, Ҳиндустон ва як кишвари африқоӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд ва вазъи сиҳаташон бад нест.
Аз ин пеш вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон намунаи хуни 166 нафари гумонбар ба маризии “зукоми хук”-ро барои ташхис ба озмоишгоҳҳои тиббии Бритониё фиристода буд, ки дар он ҷо бемории фақат ин се шаҳрванди хориҷӣ тайид шуд.
XS
SM
MD
LG