Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми ду одамрабо дар Чин


Дар Чин ду марди муттаҳам дар рабудан ва хариду фурӯши кӯдакон ба қатл расиданд. Ҳукми эъдом рӯзи панҷшанбе иҷро шуд ва аммо дар мавриди чӣ гуна ва дар куҷо ба қатл расидани муҷримин иттилоъ дода нашудааст. Гуфта мешавад, ки онҳо дар рабудани дасти кам 15 кӯдак даст доштанд.
Тайи ним соли ахир мақомоти Чин маъракаи густардаи мубориза бо хариду фурӯши кӯдаконро ба роҳ мондаанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин муддат кормандони полис беш аз ду ҳазор тифлро аз банди одамрабоён раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG