Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ду нафари муттаҳам ба ҳамкорӣ бо ҲИУ


Додгоҳи вилояти Суғд ба муҳокимаи парвандаи ду сокини ноҳияи Исфара, ки ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мешаванд, оғоз кардааст. Қудратулло Неъматуллоев ва Абдусамеъ Нурмуҳаммадӣ дар авоили соли равон боздошт шуданд. Мақомот онҳоро дар даст доштан дар як силсила ҷиноёти сангин, аз ҷумла куштор, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани низоъи мазҳабӣ ва даъват ба сарнагун кардани низоми давлатдорӣ айбдор мекунанд. Ба бовари тафтишот, ин ду нафар дар ҳамлаҳои се соли пеш ба боздоштгоҳи Қайроқум ва посгоҳи марзбонон дар Исфара низ даст доранд. Бар асари он ҳамалот 4 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG