Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Русия дар баҳси энержии Осиёи Марказӣ


Профессор Виталий Бушуев
Профессор Виталий Бушуев

Профессори рус ва мудири Пажӯҳишгоҳи стротежиҳои энержӣ мегӯяд, хориҷ шудан аз шабакаи ягонаи таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ, амалест”бехирадона”.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз профессор Виталий Бушуев пурсидем: Оё воқеъан тасмими Ӯзбакистон барои хориҷ шудан аз системаи ягонаи таъмини энержӣ сирф ба иллатҳои иқтисодӣ аст?

Виталий Бушуев: “Дар ин ҷо бояд ҷанбаҳои расмӣ, сиёсӣ ва воқеъии қарори мазкурро аз ҳам ҷудо кард. Аз назари расмӣ, дуруст аст, ки ҳоло кишварҳои минтақа наметавонанд, дар мавриди роҳи ҳалли қобили қабули тарафайн ба мувофиқа бирасанд. Аз ин рӯ бисёре аз кишварҳои минтақа аз ҷумла Ӯзбкистон майл ба таъмини мустақилонаи худ бо энержӣ доранд. Бале метавон дар ҳар хона, печка ва ё бухорӣ гузошт ва маро бубахшед, онро бо тапак, ё масалан нафту газ ва ё нерӯи барқ гарм кард. Вале такрор мекунам, ин як роҳҳи ҳалли бисёр бехирадона аст. Аз ин рӯ ман масъалаи талоши якҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини худ бо энержиро як чизи бисёр манфӣ дар амри пайдо кардани роҳҳи ҳалли муштарак мебинам. Ба ҳар сурат бояд роҳҳои ҳалли муштарак дар минтақа бояд ҷустӯҷу шавад. Албатта ман ба хубӣ дарк мекунам ва ҳама дарк мекунанд, ки сабабҳои мантиқие вуҷуд доранд, ки ҳар кишвари минтақа барои манфиати хеш кор кунад, вале дар ниҳояти амр худи онҳо ноком хоҳанд шуд. Онҳо ҳоло бо назардошти шароити манофеъи феълиашон кор мекунанд. “

Радиои Озодӣ: Дар ин замина бештар шарҳ медодед, ки амалкард бо назардошти манофеъи кӯтоҳмуддат кишварҳои минтақаро то куҷо хоҳад бурд?.

Виталий Бушуев: “Ба андешаи ман, ҳамин манофеъи феълӣ моро водор мекунад, ки ба роҳи комилан нодуруст биравем. Яъне ба роҳи таъсиси шабакаи мустақили таъмини нерӯи барқ дар ҳар кишвар. Дар воқеъ, тамоми ҷаҳон ҳоло ба ҳам меояд ва нерӯи барқ як василаи ҳамоиши бисёр қавии тамоми кишварҳост, ҳамоиши саноату иқтисоду иҷтимоиёту захираҳои оби тамоми кишварҳост. Аз ин рӯ такрор мекунам, ки амалкардҳои ҷорӣ дуруст нест. Ба андешаи ман онҳоро зиндагӣ маҷбур мекунад, ки ба ҳам рӯ биёранд. Қарорҳое, ки ҳоло онҳо қабул мекунанд, ҳаракатест, ки ба роҳи сарбаста мебарад. “

Радиои Озодӣ:
Аммо Русия, ки то кунун дар бисёре аз масоили ҳатто байналмилалӣ, кишварҳои минтақаро ҳидоят мекунад, чӣ гуна метавонад барои ҳалли ин кашокашҳо мусоидат намояд?

Виталий Бушуев: “Ман ба ин андеша будам ва ҳастам, ки Русия ҳамчун меросбари Иттиҳоди Шӯравии собиқ метавонад, ки ҳамаи кишварҳои минтақаро атрофи як миз ҷамъ оварад. Муфид аст, агар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамин тавр якҷо бишинанду баҳс кунанд ва роҳи умумии ҳалли таъмини энержӣ ва захираҳои обиро пайдо намоянд, то ин усули умумӣ барои ҳар кишвар муфид, муносиб, коромад ва назари иқтисодӣ манфиатовар бошад. Мулоқотҳои дуҷониба ба мисли мулоқотҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Ӯзбакистону Қирғизистон ва ғайра барои шакл додани стротегияи умумӣ роҳи хубе нест. Роҳи беҳтарин баҳси муштараки мушкилоти умумии тамоми кишварҳои минтақа аст, баъдан метавон роҳҳои муносиб барои ҳалли мушкилоти кишварҳои алоҳидаи минтақаро пайдо намуд. Аз ин рӯ мулоқотҳои дуҷониба барои ёфтани илоҷи мушкил муфид нестанд ва Русия метавонист, дар инҷо ташаббускори стротежии дарозмуддати рушди энергетикии ин минтақа бошад. Мутаасифона Русия то ҳол ба ин масъала ташаббуси лозимро нишон намедиҳад, ки ин айб ва мусибат ва ё ҳар чизи дигари мост. “

Радиои Озодӣ: Ва суол ҳам ин аст, ки чаро то кунун Русия, даст болои даст нишаста ва ин кашмакашҳоро дар минтақа нодида мегирад, ҳарчанд дар Тоҷикистон соҳиби саҳмияҳои як нерӯгоҳи барқист ва дар Қирғизистон ҳам дар ин арса сармоягузорӣ мекунад?

Виталий Бушуев: “Мутаасифона Русия ҳам ҳоло аз рӯи ҳамон усули умумӣ кор мекунад, яъне ҳар кас бояд ғами наҷоти худашро бихӯрад. Албатта масоили об дар кишварҳои минтақа барои Русия ба андозае дарднок нест, ки барои худи он кишварҳо дарднок мебошад. “

Радиои Озодӣ: Ддар ниҳоят, ояндаи шабакаи ягонаи таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказиро шумо чӣ гуна мебинед?

Виталий Бушуев: “Ашёи нав, ҳамон чизи хуби қадимаи фаромӯш шудааст. Ҳанӯз дар солҳои 1980 – ум замоне, ки ман дар Пажӯҳишгоҳи энергетикии Сибир кор мекардам, мо сари масъалаи васл кардани шабакаҳои Сибир ба шабакаҳои Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ ва шабакаи Урал кор мекардем. Ва мо ҳамон замон ба ин натиҷаи дақиқ расидем, ки шабакаи ягонаи таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ниҳоят зарур аст ва на танҳо ҳаққи вуҷуд доштанро дорад, балки бояд бошад. Вазъи имрӯза бори дигар ба аҳамияти ҳамин гуфта таъкид мекунад, вале дар муқоиса ба солҳои гузашта барои таъсиси чунин шабакаи ягона бояд на танҳо аз назари таъмини нерӯи барқ, балки дар маҷмӯъ аз назари истифодаи босамари захираҳои об, манобеъи гидроэнержӣ ва энержии сӯхт нигоҳ бояд кард. Бидуни шубҳа танҳо дар чаҳорчӯбаи шабакаи ягона метавон, роҳҳои қобили қабули тарафайн барои истифода аз рӯдхонаҳои кӯҳӣ, нерӯгоҳҳои барқи обиро пайдо кард. Ва на танҳо ин, балки роҳҳои муфиди истифода аз захираҳои обиро барои дигар аҳдофи иқтисодиро метавон ёфт ва роҳи ягонаи таъмини якдигар бо сӯзишворӣ аз ҷумла нафту газро ҳам пайдо кард. Талоши якҷонибаи ҳар кишвар барои ҳалли мушкилоти энергетикӣ ва таъмини тавозуни энерживу сӯзишвориаш бехирадона, гарон хоҳад буд ва ба онҳо муяссар ҳам нахоҳад шуд. “
XS
SM
MD
LG