Се афсари милисаи шаҳри Маскав, пойтахти Русия бо иттиҳоми қатли як қафқозитабор боздошт шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин се афсар шаби душанбе ба сешанбе дар ҳолати мастӣ ба ду зодаи Абхозистон, минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон ҳамла мекунанд. Яке аз онҳо – Эдуард Гуртская – дар натиҷа ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, афсарони боздоштшуда ба гуноҳи худ эътироф кардаанд. Раҳбари идораи умури дохилаи Маскав Владимир Колтсов гуфт, ҳар се афсарро алакай аз суфуфи милиса рондаанд ва фармондеҳи онон низ аз мақомаш барканор шудааст.