Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни ҳамла дар Филиппин


Теъдоди қурбониёни ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дар ҷануби Филиппин ба 39 нафар расид. Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки дар ин ҳамла 24 нафар кушта шудаанд ва аммо ахиран кормандони полис як гуристони дастаҷамъӣ бо 15 ҷасадро ошкор карданд. Кушташудагон ҷонибдорони яке аз номзадҳо ба мақоми раиси вилояти Магуинданао буданд. Миёни онҳо – ҳамсари ин сиёсатмадор низ ҳаст, ки ахиран дар ин ҷинояти сангин мухолифони сиёсии худро айбдор кард.
Раисиҷумҳури Филиппин Глория Аройа баъд аз ин ҳодиса дар ду вилояти ҷанубии кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ кард.
XS
SM
MD
LG