Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон


Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов
Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба бокс, ки дар шаҳри Душанбе тӯли чаҳор рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Мирзо Маҳмадҷонов, сардовари ин мусобиқа, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар мусобиқа 104 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Бар асоси низомномаи мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ аз рӯи 10 вазн муштзанҳои соли таваллудашон 1991 ва аз он боло барои дарёфти унвони қаҳрамони бокси Тоҷикистон дар соли 2009 қувваозмоӣ карданд».

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар 6 вазн варзишгарони Душанбе – Сайфиддин Юсуфӣ (48 кг), Анвар Юнусов (57 кг), Баҳодур Каримов (60 кг), Пираки Назарӣ (64 кг), Беҳрӯз Набиев (75 кг) ва Акмал Ҳаитов (+91 кг) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Се варзишгари вилояти Суғд – Фаррух Валиев (51 кг), Ҷасур Қурбонов (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) - ҷойҳои аввалро касб карданд. Инчунин Комил Холиқов, муштзани шаҳри Кӯлоб, дар вазни 69 кг пирӯзӣ ба даст овард.

Ба иттилоъи Абдурашид Маҳмадҷонов, дар сабқати занон, ки танҳо дар як вазн – 60 кг – сурат гирифт, Фарзона Каримоваи душанбегӣ, соҳиби медали тилло гардид. Ҳамшаҳрии ӯ Фарангиси Искандархон бо медали нуқра сарфароз шуд.
XS
SM
MD
LG