Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллиро ҷашн мегирад


Парчами бузурги миллӣ дар яке аз кӯчаҳои Душанбе
Парчами бузурги миллӣ дар яке аз кӯчаҳои Душанбе

Тоҷикистон имрӯз, 24-уми ноябр, барои нахустин бор Рӯзи Парчами миллиро ҷашн мегирад. Дар ин робита қарор аст, дар саросари кишвар маъракаҳои идона баргузор шавад.

Имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва биноҳои дафтару корхонаҳо пур аз парчамҳои миллист. Дирӯз дар хиёбони марказии пойтахт парчами бузурге, ки садҳо метр дарозӣ дошт, давоми рӯз болои роҳ афрошта шуда буд.

Иди нави давлатии Рӯзи парчам ахиран бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.

Бар асоси ин пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран порлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид кардааст ва тибқи он, аз ин пас ҳарсола Рӯзи парчам 24-уми ноябр таҷлил хоҳад шуд.

Маъракаҳои идона ба ифтихори Рӯзи парчам дар Тоҷикистон ҳануз якчанд рӯз қабл оғоз шуд. Аз ҷумла бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дави дастаҷамъии марафонӣ бо парчами кишвар аз шаҳри Турсунзода то Роғун сурат гирифт, ки дар он як гурӯҳи варзишгарон ва садҳо мардуми маҳаллӣ ширкат карданд.

Парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз сӯйи Шӯрои Олӣ қабул шуда, аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст.

Тоҷикистон дар минтақа баъд аз Туркманистон дуввумин кишвар аст, ки ба хотири парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG