Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди куммиссари ҳуқуқи башар аз Русия


Куммиссари ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо гуфт, мақомоти Қафқози шимолии Русияро лозим аст, ҷиҳати мубориза бо фасод ва ҳифзи ҳуқуқи башар талоши бештар ба харҷ диҳанд.
Томас Ҳаммарберг дар гузорише, ки имрӯз нашр шуд, гуфтааст, “субот дар минтақаи Қафқози шимолӣ то ҳол ба даст наомадааст.” Ҳаммарберг ахиран дар пайи як сафари омӯзишиаш ба Чеченистону Ингушистон гуфт, фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар ин ҷамоҳир афзоиш ёфта, таҳқиқи бесамари парвандаҳои ғайб задан ва қатли афрод, аз ҷумла қатли фаъолони ҳуқуқи башар ҳамчунон мояи нигаронист.
XS
SM
MD
LG