Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Ироқ қонуни интихоботро қабул кард


Имрӯз парлумони Ироқ қонуни таҳрирхӯрдаи интихоботро қабул кард, ки бояд пеш аз баргузории интихоботи моҳи январ ҳукми қонунро касб кунад. Ҳоло бояд онро шӯрои президент ба тасвиб расонад. Вале вакилони наздик ба муовини раиси ҷумҳурии Ироқ Тариқ ал-Ҳошимӣ, як узви ин шӯро гуфтанд, ки эҳтимол дорад ӯ ин қонунро барои бори дуюм вето кунад. Ал-Ҳошимӣ, ки як араби суннимазҳаб аст, тарҳи қаблиро ба он хотир вето карда буд, ки қонун ба ироқиҳои бурунмарзӣ ҷои кофиро дар парлумон ҷудо накарда буд. Аксар ироқиҳои беҷошуда сунниҳо мебошанд. Барои бекор кардани ин вето аз миёни 275 вакили парлумон бояд 60 дар садашон раъйи мувофиқ диҳанд.
XS
SM
MD
LG