Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се муттаҳам ба терроризм дар Маскав


Департаменти муқобила бо экстремизми вазорати умури дохилаи Русия дар бораи боздошти се узви созмони террористии “Ҳизби исломии Туркистон” хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод мувофиқи дархости Тоҷикистон барои тундгароӣ ва фаъолиятҳои террористӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд. Ин амалиёт, ба гуфтаи вазорат, рӯзҳои 21-22 ноябр муштаракан аз ҷониби мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон ва Русия дар Маскаву вилояти Маскав анҷом шудааст. Афроди боздоштшуда бо таблиғи ақоиди экстремистӣ ва омодакунии ҷангиён барои ширкат дар амалиёти террористӣ машғул буданд, мегӯянд мақомоти тафтишотӣ. Яке аз ин се боздоштшударо мақомоти вазорати умури дохилаи Русия чун “амири ҳизби исломии Туркистон” муаррифӣ кардааст, ки 33 сол дошта дар Тоҷикистон барои терроризм ва ширкат дар гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ мавриди пайгард қарор доштааст. Дафтари матбуоти вазорати русӣ гуфтааст, ки “тибқи маводи аз ҷониби Тоҷикистон пешкашшуда ин афрод барои ҷалби гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ба амалиёти террористӣ дар хоки Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон” муттаҳам мешаванд. Ҳоло масъалаи истирдоди ин афрод ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG