Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машқҳои густардаи нирӯҳои зиддиҳавоии Эрон


Эрон машқҳои густардаи нирӯҳои дифоъи зиддиҳавоияшро оғоз кардааст. Ҳадаф аз ин машқҳо тамрини шеваҳои мудофиаи таъсисоти ҳастаии Эрон будааст. Телевизиони Эрон гуфт, ин тамринҳои панҷрӯза тақрибан сеяки қаламрави Эронро дар манотиқи марказ, ғарб ва ҷануби кишвар фаро хоҳанд гирифт. Генерал Аҳмад Миғонӣ гуфт, ин машқҳо маҳалли истиқрори корхонаҳои ҳастаии Эронро фаро мегиранд.
Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Амиралӣ Ҳоҷизода гуфтааст, агар ҳавопаймоҳои Исроил ба хоки Эрон ҳамла кунанд, нирӯҳои дифоъи зиддиҳавоии Эрон ҷангандаҳои Исроилро аз байн хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG