Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳо дар сеяки қаламрави Эрон баргузор мешавад


Телевизиони давлатии Эрон наворҳоеро ба намоиш гузошт, ки аз шурӯи тамринҳои густардаи дифои ҳавоӣ барои муқобила ба ҳама гуна ҳамлаҳо хабар медиҳад. Тамринҳои панҷрӯза қарор аст масофаи сеяки қаламрави Ҷумҳурии Исломиро дар бар гирифта дар ҳарими ҳавоии бахшҳои марказӣ, ғарбӣ ва ҷанубии ин кишвар баргузор шавад. Генерал Аҳмади Мейғонӣ, раҳбари нирӯҳои дифои ҳавоӣ гуфт, ки маневрҳо дар болои манотиқе анҷом мешавад, ки дорои таъсисоти ҳастаӣ мебошанд. Оқои Мейғонӣ инчунин огоҳ кардааст, ки агар Русия Эронро мутобиқи шартномаҳо бо мушакҳои S-300 таъмин карда натавонад, ин кишвар худ дар паи тавлиди системаи дифои ҳавоӣ хоҳад шуд. Вай Исроилро дар фишор болои Маскав муттаҳам карда гуфт, ки маҳз бо ҳамин сабаб Русия дар таъмини Эрон бо мушакҳои S-300 таъхир мекунад. Машқҳои дифоии Эрон дар шароите баргузор мешавад, ки фишори ғарб болои Ҷумҳурии Исломӣ аз нодида гирифтани пешниҳои СММ оид ба ғанисозии ураниум дар берун аз хоки Эрон афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG