Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хубиҳову бадиҳои табобати пулакӣ


Ҳарчанд сокинони маҳаллӣ дар Нораку Сарбанд ва Данғараи вилояти Хатлон аз ҷоришавии хизматрасонии пулакии тиббӣ дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ мекунанд, дар соли ҷорӣ шуморе аз пизишкони бемористонҳои ин се ноҳияи ҷануби Тоҷикистон ҷойи кори худро тарк кардаанд.

Соли гузашта Нораку Данғара ва аввали имсол шаҳри Сарбанд шомили барномаи кафолатноки давлатӣ гардиданд ва дар ин навоҳӣ барномаи хидматрасонии пулакии тиббӣ ҷорӣ шуд. Ҳарчанд раёсати бемористони Сарбанд мегӯяд, шумори муроҷиаткунандаҳо ба марокизи тиббии ин шаҳр беш аз 10 дарсад коҳиш ёфтааст, қимати начандон гарони таъиншуда барои муолиҷа ба беморон хуш омадааст:

“Пештар метарсидем пеши духтур рафтан, ки чанд сӯм мегирифта бошад, ҳоло ҳамааш навиштагӣ дар рӯйи тахта, дар даромадгоҳи беморхона. Пулро ба хазина месупорем, квитансия медиҳанд, дигар ба духтур пул намедиҳем…

…Доруву дармон ва табобат ҳамааш аз ба ҳамон пули табобат медарояд. Дору намекобем, духтурон бо пуле, ки дар аввал супоридам, доруҳои даркориро харида меоранд. Ҳоло нағз шудааст…”


Пас аз пулакӣ шудани табобат ба хазинаи бемористони Сарбанд беш аз 125 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки дар зарфи чанд соли ахир буҷаи солонаи ин муассисаи тиббӣ ба ин рақам баробар намешуд. Ва аммо ба иддаои манобеъи огоҳ дар идораи беҳдошти Хатлон, бо ҷорӣ шудани барномаи нави кафолатҳои давлатӣ дар се ноҳияи минтақа, дармонгоҳҳои маҳаллӣ дастикам 20 пизишки ҳирфаии худро аз даст доданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Хатлон ба зиёда аз ҳазор корманди тиб эҳтиёҷ ҳаст, ҳатто дар бархе аз бемористонҳои сатҳи вилоятӣ ҳамагӣ як ё ду пизишк бо маълумоти олии тиббӣ кор мекунанду тамом.

Таҳлилгарон дар шарҳи сабабҳои норасоии кадрҳои тиббӣ дар кишвар бештар рӯйи ҳақмузди ночизи пизишкон таъкид мекунанд, ки ба ҳисоби миёна баробар ба 30 доллар дар як моҳ аст. Ба ҷуз ин, хилъати сафедпӯшон чандон майли кор дар рустоҳо ва навоҳии дурдастро надоранд. Бо даст додани имкон онҳо талош мекунанд, хориҷ аз кишвар бираванд.

Фотима Ғоибова, сухангӯи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аммо мегӯяд, сару садоҳо дар мавриди аз кор рафтани пизишкони бемористонҳои пулакӣ дар Хатлон, бепоя аст, гузашта аз ин, яке аз ҳадафҳои ҷорисозии барномаи кафолатҳои давлатӣ ҷилавгирӣ аз тарки кор кардани пизишкони ватанӣ будааст:

“Маблағгузории сарикасие, ки дар барномаи кафолатҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст, махсусан барои сокинони деҳоту навоҳии дурдаст муфид аст. Дастрасии онон ба табобат ва муассисаҳои тиббӣ беҳтар шудааст. Ончӣ ки мегӯянд, баъди ҷорӣ шудани ин барномаҳо гӯё чанде аз пизишкон аз кор рафтаанд, вазорати тандурустӣ алҳол наметавонад инро тасдиқ кунад”.

Хизматулло Шамсов, сарпизишки бемористони марказии Данғара, мегӯяд, барномаи кафолатҳои давлатӣ боиси поин рафтани мизони фасод дар муассисаҳои тиббии ноҳия шудааст. Вай афзуд, ҳамакнун ҳам пизишк дили ором дорад, ки ба дасти корманди агентии зиддифасод намеафтад ва ҳам бемор, ки бо пардохти маблағу доштани квитансия аз ҳаққи талаби муолиҷаи комил бархурдор аст:

“Ҳозир медонед, ки агентии антикоррупсионӣ вуҷуд дорад, баъзан духтурро барои 5 ё 10 сомонӣ дастгир мекунанд. Ин барномаи кафолатҳои давлатӣ, ки қабул шудааст, нафари бемор маблағи муайян месупорад барои муолиҷа ва касе акнун на ба духтур чизе гуфта метавонад, на ба бемор. Бемор ҳам далел дорад, ки пул додааст ва талаб мекунад, ки пурра табобат кунанд вайро. То ин замон ин ҳама корҳо пинҳонӣ анҷом мешуд…”


Раёсати бемористонҳои Данғараву Сарбанд мегӯянд, баъди пулакӣ шудани табобат 40 дарсади маблағи ворида ба ҳазина барои пардохти иловапулӣ ба маоши пизишкон ихтисос дода мешавад. Масалан, дар Данғара аз ҳисоби пули муолиҷаи беморон ба ҳар пизишк ба ҳисоби миёна 60 сомонӣ иловапулӣ медодаанд ва бо ин ҳақмузди миёнаи пизишки бемористони маҳаллӣ ба маротиб афзуда, аз 300 то 400 сомониро ташкил медодааст.

Сарфи назар аз ҷоришавии табобати пулакӣ дар се ноҳияи таҷрибавӣ дар Хатлон, бисёре аз сокинони ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, табобат дар ҳама муассисаҳои тиббӣ пулакист ва пизишкон қабл аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ маблағ мепурсанд. Ҳатто гирифтани тавсияи пизишки оилавӣ дар марказҳои саломатӣ ва супурдани намунаҳои хуну ташхис ҳам ройгон набудааст.

Аммо нархномаи муқарраршудаи хидматрасонии тиббӣ дар бемористони Сарбанду Норак ва Данғараро чандон дастнорас намеҳисобанд. Масалан нархи ҷарроҳии калонсолон аз 400 то 760, ҷарроҳии кӯдакон аз 200 то қариб 400 сомонӣ ва барои момодоягӣ тавассути ҷарроҳӣ беш аз 300, бе ҷарроҳӣ 125 сомонӣ муайян шудааст.

Иштирокдорони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, кӯдакони то яксола, ятимоне, ки дар парваришгоҳҳои давлатӣ парасторӣ мешаванд ва бознишастаҳои болиғ аз 80 сол ҳаққи муолиҷаи ройгон доштаанд.

Фотима Ғоибова, сухангӯи вазорати беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, дар айни ҳол мутахассисони вазорат дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар омӯзишҳои хоса анҷом медиҳанд, ба қасди ин ки сатҳи зиндагӣ ва имконоти молию пулии шаҳрвандонро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун муайян созанд. Ҳоли ҳозир вазорати беҳдошт тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, ки дар соли оянда дар кадом шаҳру навоҳии дигари кишвар табобати пулакӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Аммо ин маънои онро надоштааст, ки Тоҷикистон аз ҷорисозии барномаи кафолатҳои давлатӣ билкул даст хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG