Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷро шудани боз 4 ҳукми қатл дар Эрон


Бино ба хабарҳо, Эрон як нафари муҷрим дар таҷовуз ба номус ва ду марду як зани муҷрим дар қочоқи маводи мухаддирро эъдом кардааст. Матбуоти Эрон мегӯяд, ҳукми қатли се қочоқбари маводи мухаддирро рӯзи душанбе дар зиндони Исфаҳон, шаҳре дар Эрони марказӣ, иҷро кардаанд.
Хабаргузории ИСНО навишт, марди 23-солаеро, ки дар ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта шуда буд, дар шаҳри Боҷнурд, дар устони Хуросони шимолӣ ба дор овехтаанд. Таърихи иҷрои ҳукми эъдоми ӯ оварда нашудааст.
Соли гузашта дар Эрон ҳукми эъдоми 246 нафар бо роҳи ба дор овехтани онон иҷро шуд. Эрон аз лиҳози иҷрои ҳукми эъдом дар ҷаҳон баъд аз Чин дар мақоми дуввум аст.
XS
SM
MD
LG