Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дар даври нави раёсати Карзай


Дар ҳоле ки 19-уми ноябр дар Кобул расми савганди раисиҷумҳур Ҳомид Карзай баргузор мешавад, мардуми Афғонистон аз ӯ чӣ интизориҳо доранд?

Изҳор-ул-ҳақ чун миллионҳо афғонҳо орзуи эҳёи сулҳу амният дар зодгоҳашро дорад. Ва чун миллионҳо афғонҳои дигар ӯ ин ҳафта ба он нукта таваҷҷӯҳ хоҳад кард, ки раисиҷумҳур Ҳомид Карзай чӣ гуна ин орзуи онҳоро дар амал татбиқ кардан мехоҳад.
Раисиҷумҳур аз се мушовири калидии худ дархост кардааст, то рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба ҳукумати навро тартиб диҳанд...


Изҳор-ул-ҳақ, як донишҷӯ аз вилояти Ҷузҷон, дар бораи он ки ӯву ҳамдиёронаш аз суханрониии Карзай дар маросими савгандёдкунӣ чӣ интизорот доранд, мегӯяд: “Мо тақозо дорем, ки раисиҷумҳур Карзай ваъдаҳои худро иҷро ва сулҳро дар Афғонистон барқарор кунад. Мо тақозо дорем, ки ӯ аз шимол то ҷануб ва аз шарқ то ғарби Афғонистон амниятро таъмин намояд. Ва ин – талаби асосии мо дар давраи дуввуми раёсатҷумҳурии ӯст.”

Интизор меравад, ки рӯзи панҷшанбе дар расми савганди Карзай раҳбарону мақомоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла, раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, сарвазири Ҳинд Минмоҳан Сингҳ, вазирони умури хориҷаи Амрико, Британия ва Италия ширкат кунанд.
Ва аммо зимни суханронии ба истилоҳи таърихии худ дар ин маросим Карзай бештар рӯи кадом мавзӯъҳову мушкилот тамаркуз хоҳад кард?

Бархе аз манбаъҳо, ки аз ифшои ному насабашон худдорӣ кардаанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз имкони эълони чораҳои шадид алайҳи фасод дар ҳама мақомоти кишвар аз сӯи раисиҷумҳур ҳадс заданд. Ба гуфтаи коршиносон, Ҳомид Карзай зимни даври дуввуми раёсатҷумҳурияш зери фишори шадиди ҳам интихобкунандагон ва пуштибонҳои ғарбии кишвар қарор хоҳад дошт, ки аз ӯ муборизаи беамон бо фасоду ришват дар мақомоти давлатиро талаб доранд.

Рӯзи якшанбе Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико низ ҳушдор дод, ки агар ҳукумати нави Афғонистон аз чораҳои оҷили мубориза алайҳи фасод дар кишвар кор нагирад, Вошингтон ироаи ҳама гуна кумакҳои мулкӣ ба Афғонистонро мутаваққиф хоҳад кард.

Ба иттилоъи манбаъҳои наздик ба ҳукумат, зимни суханронӣ Ҳомид Карзай ба мавзӯъи сиёсати дохиливу берунаи Афғонистон, нақши нерӯҳои байнулмилалӣ дар кишвар ва ислоҳоти ҳамаҷонибаи ҳукумат низ таваҷҷӯҳ мекунад.

Ва аммо коршиносон мегӯянд, ки барои қонеъсозии талабҳои ҷомеаи байнулмилалӣ фақат сухану ваъдаи Карзай кам аст, раҳбарони ғарбӣ хостори далелҳои мушаххаси сиёсати рӯшоди Карзай зимни таъсиси ҳукумати нав хоҳанд шуд. Ба гуфтаи коршиноси афғон

Асадулло Валваҷӣ, ки раванди таъсиси ҳукумати нави Афғонистонро наззора мекунад, гуфт, "раисиҷумҳур аз се мушовири калидии худ дархост кардааст то рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба ҳукумати навро тартиб диҳанд."

Интизор меравад, ки ду ҳафта баъд аз маросими савгандёдкунӣ Ҳомид Карзай ҳайати нави ҳукуматро эълон кунад. Дар ҳамин ҳол имрӯз ҳукумати Афғонистон дар бораи таъсиси ниҳоди нави мубориза алайҳи фасод дар сатҳи давлатӣ хабар дод.

Ҳаниф Отмар, вазири умури дохилии кишвар, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки раисиҷумҳур Ҳомид Карзай панҷ соли ояндаи раёсатҷумҳурияшро ба мубориза бо фасод бахшиданист.
XS
SM
MD
LG