Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон панҷ нафарро ба қатл маҳкум кард


Телевизони давлатии Эрон гузориш дод, ки мақомоти ин кишвар панҷ нафар аз муттаҳамон дар нооромиҳои пас аз интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурро ба марг маҳкум кардаанд. Вазорати адлияи Эрон гуфтааст, ин панҷ нафар террорист ва аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин будаанд. Бино ба гузориши хабаргузории “Ассошиейтед Пресс” аз ин пеш додгоҳи Эрон се нафарро бо гуноҳи барангехтани нооромиҳои баъди интихоботи моҳи июн ба қатл маҳкум кардааст. Баъди бесарусомониҳои интихоботӣ, дар Эрон муҳокимаи дастаҷамъии фаъолони сиёсӣ ва раҳбарони мухолифин шурӯъ шуд, ки онҳоро ба талош барои сарнагун кардани низоми ислоҳӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG