Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину ИМА ҳамкориҳояшонро тавсеа мебахшанд


China -- US President Barack Obama (L) and Chinese President Hu Jintao (R) chat during a state dinner at the Great Hall of the People, 17Nov2009
China -- US President Barack Obama (L) and Chinese President Hu Jintao (R) chat during a state dinner at the Great Hall of the People, 17Nov2009

Чину ИМА мувофиқат карданд, ки дар ҳалли душвортарин масъалаҳои олам ҳамкорӣ намоянд, аммо ихтилофҳо низ боқӣ мондааст.

Рӯзи сешанбе дар поёни музокироти рӯ ба рӯ дар Пекин президентҳои Чину ИМА Ҳу Ҷинтао ва Барак Обама иброз доштанд, ки ду кишвар бо рӯҳияи "мусбат, созанда ва фарогир" равобити байниҳамдигариро таҳким мебахшанд.


Раҳбари амрикоӣ бо ишора ба барномаи ҳастаии Эрон гуфт, Вашингтон ва Пекин мувофиқанд, Теҳрон бояд собит кунад, ки барномааш сулҳомез ва шаффоф аст:


"Мо ба мувофиқат расидаем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит кунад, ки барномаи ҳаставиаш осоишта ва шаффоф аст. Дар ин масъала ду кишвари мо ба мисли коршариконамон дар чорчӯби барномаи 5 ҷамъи 1 ҳамфикр ҳастанд. Эрон имкон дорад, ки ҳадафҳои осоиштаашро намоиш диҳад. Аммо агар Теҳрон аз ин имкон истифода набарад, пас ин амал барояш паёмад хоҳад дошт."

Ин изҳороти Обамаро Ҳу идома дода, афзуд, ки масъалаи Эрон бояд дар сари мизи музокирот ҳал шавад.

Ҳамин гуна рӯи баҳси барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ раҳбари Чин гуфт, Вашингтону Пекин аз Пхенян даъват мекунанд, ки ба сари мизи музокирот баргардад:

" Мо ҳар ду мувофиқат кардем, ки мушкили ҳастаии нимҷазираи Кореяро тариқи гуфтушуниду машварат рафъ намоем. Чунин бархӯрд ҳам ба нафъи Чин, ҳам ИМА ва ҳам ба нафъи коршарикони дигари мо мебошад. Ду кишвар бо ҷонибҳои дигари манфиатдор дар халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Корея ва идомаи гуфтушуниди шашҷониба ҳамкорӣ мекунанд, то назму суботи Осиёи Шимолу Шарқӣ ҳифз гардад"

Дар идомаи нишасти хабарӣ президенти ИМА таъкид кард, ки Вашингтону Пекин баҳри таҳкими назму суботи Афғонистону Покистон талош хоҳанд варзид. Обама гуфт, ягон кишвар набояд ба ҳайси пойгоҳи терроризм мавриди истифода қарор гирад.

Чину ИМА, ки бузургтарин масъули партовҳои ба истилоҳ гулхонаӣ мебошанд, мувофиқанд, ки конфронси моҳи оянда дар шаҳри Копенҳагени Дания қадами муҳиме дар роҳи ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим хоҳад буд.

Вақте сухан аз бӯҳрони иқтисодӣ ва роҳҳои бартарафсозии бӯҳрон рафт, ихтилофи назари ду раҳбар возеҳ шуд.

Раҳбари Чин ба ҳифзи бозорҳои дохилӣ аз ҷониби кишварҳо шадидан мухолиф аст ва мегӯяд, ду кишвар бояд дар сари мизи музокирот ихтилофҳояшонро рафъ намоянд. Пекин аз афзоиши таъоруфаи баъзе ашёи чинӣ аз қабили чархи мошин ва маводи пӯлодӣ, ки ахиран дар ИМА ҷорӣ шудаанд, ба ғазаб омадааст.

Дар навбати худ президент Обама ба қурби пасти юан пули миллии Чин ишора кард, ки содироти мол ба ин кишварро душвор мекунад. Президенти ИМА аз баррасии мақоми Тибет ва ҳуқуқи башар дар Чин низ ёд кард, ки дар мулоқоти ду раҳбар баҳс шудааст. Рӯзи чоршанбе президенти ИМА аз Чин ба Кореяи Ҷанубӣ сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG