Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Э. Раҳмон барои нашри саҳмияҳои Роғун


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бо зудтарин фурсат омода ва ба фурӯш гузошта шавад.

Вай ин дастурро шоми дирӯз дар як ҷаласаи корӣ бо ширкати намояндагони ҳукумат, дастгоҳи президент ва раҳбарони як қатор вазоратҳои ҷумҳурӣ эълон кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки «ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмони ин тарҳ, ки ояндаи кишвар аз он вобастагӣ дорад, саҳми худро хоҳад гузошт».

Дастури нашри саҳмияҳои Роғун дар ҳолест, ки ахиран ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба як маъракаи тарғиби мардум барои кумаки молӣ ба сохтмони ин нерӯгоҳи азим пардохтаанд.

Бархе аз вазорату идораҳо интиқоли маблағ аз моҳонаи кормандони худ ба ҳисоби сохтмони Роғунро шурӯъ кардаанд. Барои мисол, Мирзоаҳмад Абдуллоев, корманди раёсати идораи автомобилии Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон, қаблан ба радиои Озодӣ гуфт, ҳуқуқи моҳонаи коргарони ин раёсат ба ҳисоби сохтмони Роғун интиқол дода шудааст.

Ниҳодҳои давлатӣ дар баробари корхонаву ширкатҳо шаҳрвандонро низ барои расонидани кумаки молӣ тарғиб мекунанд. Хабаргузории давлатии «Ховар» зимни як муроҷиатнома ба тамоми рӯзноманигорони кишвар аз онҳо даъват кардааст, ки саҳми худро дар сохтмони Роғун гузоранд. Ба навишати ин хабаргузорӣ, ҳаққи заҳмати дурӯзаи кормандони он ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун ирсол шудааст.

Имрӯз ҳамчунин дар Кумитаи занони Тоҷикистон ба хотири саҳми занони кишвар дар маъракаи кумак ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун як нишаст баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG