Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Қаззофӣ бо духтарҳои итолиёӣ


Расонаҳои хабарии Итолиё гузориш медиҳанд, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ бо тахминан 200 ҷавонзани итолиёӣ дар як виллаи Рум мулоқот карда талош кардааст онҳоро ба дини ислом гардонад. Қаззофӣ дар Рум бо ҳадафи ширкат дар нишасти СММ оид ба ғизо ба сар мебарад. Вай ҳузури занҳоро дар ин нишаст тавассути як таблиғоте таъмин кардаст, ки дар матни он омадааст: “ҳудудан 500 духтари зебову хушлибос ва бидуни домани кӯтоҳ” барои ширкат дар ин нишаст даъват мешаванд. Хабаргузории ANSA-и итолиёӣ мегӯяд, Қаззофӣ ба ин занҳо ҳудудан 60 евро подош ва инчунин “баъзе тӯҳфаҳои либиёӣ” ваъда кардааст. Баъзе занҳои ширкатдори мулоқот ба ин хабаргузорӣ гуфтанд, ки аз сӯҳбатҳои Қаззофӣ озурда шудаанд. Дигарҳо гуфтанд, ки баъди мулоқот интизори як хӯроки шоми “хеле олӣ” ҳастанд. Дар ин нишаст Қаззофӣ дар бораи Либия, нақши занон дар дини ислом сӯҳбат карда ба ҳар як ширкатдори он якнусхагӣ Қуръонро тақдим кардааст. Қарор аст дар давоми се рӯзи баргузории нишасти СММ оид ба мушкилоти ғизо ингуна мулоқоти Қаззофӣ бо занҳои итолиёӣ такрор шавад.
XS
SM
MD
LG