Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама вориди Пекин шуд


Барак Обама дар чаҳорчӯби нахустин сафари серӯзааш ба Чин ба ҳайси раиси ҷумҳурии Амрико вориди Пекин шуд. Мулоқоти нахустини ӯ бо ҳамтои чиноиаш Ҳу Ҷинтао имрӯз сари дастурхони шом сурат гирифт. Гуфтугӯи расмии онҳо қарор аст фардо баргузор шавад, ки ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, барномаҳои ҳастаии Эрону Кореяи Шимолӣ, мушкилоти марбут ба тағйироти иқлим ва инчунин вазъи ҳуқуқи башар дар Чин ихтисос хоҳад ёфт.
Зимни суханрониаш дар як мулоқоти имрӯза бо донишҷӯён дар шаҳри Шонгҳой вай гуфт, ки ҳама мардум, аз ҷумла шаҳрвандони Чин бояд ҳуқуқи ҳамаҷониба ба озодии баён ва эътиқод, дастрасии озод ба иттилоотро дошта бошанд. Обама гуфт:

“Бо назардошти гузашта, бояд гуфт, ақидаи ин ки мо бояд бо ҳам ихтилоф дошта бошем, дуруст нест. Баръакс, ҳарду кишвар – ҳам ИМА ва ҳам Чин бештар шукуфо ва амну босубот ҳастанд. Мо имкониятҳои бештари ҳамкориро бар пояи манфиатҳои ҳамдигарӣ ва эҳтироми дуҷониба бунёд хоҳем кард”.

Ин нахустин сафари осиёии Барак Обама аст. Қабл аз Чин ӯ аз Ҷопону Сингапур дидан карда қарор аст баъди Чин ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кунад.
XS
SM
MD
LG