Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: се кушта ва се маҷрӯҳ дар як садама


Бар асари як садамаи нақлиётӣ рӯзи 15 уми ноябр дар роҳи Кӯлоб Мӯъминобод се тан ҳалок ва се тани дигар маҷрӯҳ гардид.

Саидмӯъмин Ҳасанов, сардори Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, садамаи мазкур ҳангоми дар гардишгоҳи ин роҳ ба самти муқобил, бо суръати тез ҳаракат намудани сабукрави “Опел Вектро” ва бархӯрдани он ба мусофиркашӣ навъи чиноии “Донг Фенг” ё худ “Тангем” ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷои садама се тан аз мусофирони сабукрави “Опел Вектро” бо исми Ш. Ғафорова, З. Файзова ва И. Сабзалиев ҳалок ва мусофирони “Тангем” ба беморхона интиқол дода мешаванд, ки ҳоли ҳозир саломатиашон нигаронкунанда аст.

Дар ҳамин ҳол мувофиқи иттилои идораи Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб, шумори садмаҳои нақлиёти дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб таи ду моҳи ахир рӯ ба афзоиш аст. Зафар Муродов, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, бештари садамаҳои нақлиётӣ бо айби ронанадаҳои ҷавон, ки дониш ва таҷрибаи кофии ронандагӣ надоранд, ба амал меояд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ бетафовутии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ низ боиси афзоиши садамаҳои нақлиётӣ гардидааст.

Ҷаноби Муродов афзуд, “онҳо ҳангоми қоидавақронкунӣ ронандагонро боздошт мекунанд, вале бо гирифтани каме маблағ боз онҳоро ҷавоб медиҳанд, ки ин боз боиси такоро ёфтани садамаҳо мегардад. Барои ин бояд кормандони БДА дар ин самт ҷиддӣ кор кунанд”.

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Ҳасанов мегӯяд, кормандони онҳо ҳамеша талош мекунанд, то пеши роҳи қонуншиканиҳоро дар ин самт бигиранд. Вай мегӯяд, ҳарчанд ронандаҳои ҷавон аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хуб хабар дошта бошанд ҳам, аммо қасдан ва бепарвоёна онҳоро вайрон мекунанд, ки ин боиси маргу ҷароҳати инсонҳо мешавад. Ба гуфтаи ӯ на танҳо ронандагон, балки дар баъзе ҳолат пиёдагардон низ боиси садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.

Ӯ мегӯяд, “онҳо бепарвоёна роҳро убур мекунанд. Аҳамаият намедиҳанд, ки чароғак чи гуна аст ё аз кадом самт мошин меояд ва ӯ бояд чи гуна роҳро убур кунад. Дар ҳамин ҳол ронанадаҳо саросема мешаванд ва ба хато роҳ медиҳанд, ки ин босиси садама ва ҳалокат мегардад. Аз ҷониби дигар имрӯз мошин низ хеле зиёд шудааст, ки назорати онҳо низ мушкил аст".

Давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯоб 35 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 6 нафар ҳалок ва 49 нафар ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG