Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳҳуди "Барқи тоҷик" дар баробари Сангтӯда-1


Раҳбари генералии ширкати “Барқи тоҷик” дар сӯҳбат бо хабарнигори Итар-Тасс гуфт, ки Тоҷикистон ҳама ӯҳдадориҳои қарзии худро дар баробари нирӯгоҳи Сангтӯда-1 иҷро хоҳад кард. Санъат Раҳимов бо чунин изҳорот дар робита бо қарзи бисёрмиллионаи Тоҷикистон дар баробари Сангтӯда-1 посух дод. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта раҳбарияти нирӯгоҳ дар як нома ба унвонии нахуствазир Оқил Оқилов навишт, ки аз рӯзи 1 декабри имсол тавлиди нирӯи барқ дар ин коргоҳ қатъ мешавад, ба далели ин ки то ҳол мизони қарзҳо аз истифодаи барқ афзуда ба шаш миллион доллар баробар шудааст. Санъат Раҳимов мегӯяд, ки пардохти қарзи Сангтӯда-1 марҳила ба марҳила сурат гирифта “аллакай имрӯз” ба суратҳисоби он беш аз як миллион сомонӣ пардохт хоҳад шуд.
Раҳбари генералии “Барқи тоҷик” ҳамчунин дар масъалаи таъмини аҳолии Тоҷикистон бо барқ назар дода вазъиятро “хеле сангин, вале ғайрибӯҳронӣ” баҳо додааст. Вай гуфтааст, ки мутаассифона дар мавсими зимистону баҳори имсола низ камбуди нирӯи барқ як мушкили по бар ҷо хоҳад монд. “Музокираҳо бо ҳамкорони ӯзбакистонӣ барои транзити 1,2 миллиард киловат-соат барқи туркманӣ идома дорад, вале ҳанӯз бенатиҷа” – гуфтааст Санъат Раҳимов дар сӯҳбат бо Итар-Тасс.
XS
SM
MD
LG