Пайвандҳои дастрасӣ

Исмоил Аҳмадӣ Муқаддам, раҳбари ниҳоди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар Эрон, гуфтааст, теъдоди мӯътодони ҳероин дар ин кишвар 930 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бар изофаи мӯътодони дигар навъи маводи мухаддир теъдоди онҳо як миллион нафар будааст.

Аҳмадӣ Муқаддам дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҳамбастагӣ” гуфтааст, ҳар сол дар Эрон 130 ҳазор нафар мӯътоди маводи мухаддир мешаванд.

Мақомоти Эрон, Афғонистони ҳамсояро, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддири ҷаҳон аст, офарандаи мушкили маводи мухаддир дар Эрон мехонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG