Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниён ҷӯёи ҳимояти Созмони Милал


Раҳбарони фаластиниён мегӯянд, қасд доранд, аз Созмони Милали Муттаҳид бихоҳанд, то Фаластинро ба ҳайси як кишвари мустақил эътироф кунад, аммо Исроил бар зидди чунин коре ҳушдор дод. Сойиб Аракот – музокиракунандаи аршади фаластиниён гуфт, онҳо тасмим гирифтаанд, аз Шӯрои Амният бихоҳанд, ки Навори Ғазза ва Канораи Ғарбро бо Байтулмуқаддаси Шарқӣ чун пойтахт ҳамчун Фаластини мустақил эътироф кунад. Ноумедии фаластиниён аз пешрафт дар талошҳо ба раҳбарии Амрико барои азсаргирии музокироти сулҳ бо Исроил сабаби чунин тасмими раҳбарони фаластинӣ шудааст. Ин музокирот як сол боз аст, ки аз ҳаракат мондааст. Баъди эъломи фаластиниён, Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил ба Фаластиниён ҳушдор дода ва гуфт аз иқдомоти якҷониба парҳез кунанд: " Роҳи расидан ба сулҳ аз тариқи музокирот, ҳамкорӣ ва ризоияти умумӣ аст. Мо метавонем, ҳосили ин ҳамкорӣ миёни ду тарафро дар бахшҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин амниятӣ бубинем. Ва ман ба шумо мегӯям, ки мо ба зудӣ метавонем, онро дар бахши сиёсӣ ҳам бубинем. Аз ин рӯ ҳеҷ ҷойи чизе музокироти миёни Исроилу Фаластинро гирифта наметавонад. Қудрат ва ҳар роҳи якҷониба фақат чаҳорчӯбаи созишҳо миёни моро вайрон мекунад ва сабаби иқдомоти якҷониба аз тарафи Исроил мешавад." Маҳмуд Аббос – раҳбари Фаластиниён, хостааст, то пеш аз оғози ҳаргуна музокироти сулҳ Исроил бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолиро хотима диҳад. Аммо Исроил хоҳони аз сар гирии музокироти бидуни пешшарт аст.
XS
SM
MD
LG