Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ баҳс мешавад


Шаҳри Душанбе ба зудӣ ҳамоиши байналмилалиеро мизбонӣ хоҳад кард, ки дар он таҳдидҳои амниятӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки ҳафтаи оянда ифтитоҳ хоҳад ёфт, вазъи баъд аз интихобот дар Афғонистон, дурнамои ҳузури нерӯҳои НАТО дар он кишвар ва ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини амният баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони кишварҳои минтақа ва аз хориҷаи дур ҳам ширкат хоҳанд дошт. Баргузоркунандагони аслии нишаст, ки 24 ва 25 ноябр сурат хоҳад гирифт, маркази таҳқиқоти стротежии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аст.
XS
SM
MD
LG