Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсар кудаки тоҷикро аз сӯхтор наҷот дод


Афсари пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон як кудаки ҳаштсоларо аз оташсӯзӣ наҷот додааст. Тибқи иттилоъи хабаргузории ИТАР-ТАСС, лейтенанти калон Сӯҳроб Каримов ба манзили гирифтори оташ дар канори шаҳри Душанбе ворид шуда, аз хонаи воқеъ дар ошёнаи панҷум Беҳрӯз Рӯзиевро берун кардааст. Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса ҳанӯз рӯзи панҷшанбе ба вуқӯъ пайваста буд ва аммо сӯхторнишонҳо дар бораи ҷасорати афсар фақат имрӯз хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, афсар Сӯҳроб Каримов дар ҳоле ба наҷоти кӯдак шитофтааст, ки аллакай дар ошёнаи панҷуми бино оташ аланга мезад.
XS
SM
MD
LG