Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар як таркиш дар Пешовар


Бар асари таркиш дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 7 нафар кушта ва чанд каси дигар захмӣ шудаанд. Тавре масъулини полиси маҳаллӣ ба хабаргузории Associated Press иттилоъ доданд, мошини ҳомили маводи тарканда дар канори постгоҳи полис мунфаҷир шудааст. Пешовар – маркази вилояти Марзии Шимолу Ғарбист ва ҳафтаҳои ахир мусаллаҳони “Толибон” дар посух ба амалиёти густардаи артиш алайҳи ин ҷунбиш дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон дар ин шаҳр чанд ҳамлаи террористӣ анҷом доданд. Ба иттилоъи низомиёни покистонӣ, рӯзи шанбе дар як задухурд дар водии Свот 13 тан аз мусаллаҳони толиб кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG