Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: "Вашингтон Пост" дурӯғ мегӯяд"


Ҳукумати Покистон имрӯз гузоришҳои як рӯзномаи амрикоиро “бепоя” хонда ва “қотеъона” рад кард, ки гуфтааст, Чин дар соли 1982 Покистонро барои сохти ду бомби атомӣ бо ураниуми ғализии кофӣ таъмин кардааст. Рӯзномаи мӯътабари “Вашингтон Пост” аз баёноти Абдул Қадир Хон – меъмори бомби атомии Покистон навиштааст, ки Чин ҳамчунин тарҳи бомберо ба Покистон додааст, ки барномаҳои атомии ин кишварро суръати чашмгире додааст. Вазорати умури хориҷаи Покистон гуфт, ҳадаф аз навиштаҳои рӯзномаи “Вашингтон Пост”-ро “возеҳан бадном кардани Покистону Чин” будааст.
XS
SM
MD
LG