Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои номаи сафири Амрико дар Кобул


Сафири Амрико дар Кобул дар номае ба унвонии Кохи Сафед андешаҳои худро дар заминаи мухолифаташ бо истиқрори ҳазорҳо нирӯи бештар дар хоки Афғонистон иншо кардааст. Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар Кохи Сафед навиштаанд, ки Карл Эйкенберрӣ дар як номаи махфии худ гуфтааст, ҳукумати президент Ҳомиди Карзай бояд дар навбати аввал собит кунад, ки қодир ба муқобила бо ришвату фасод мебошад. Эйкенберрӣ, ки дар гузашта фармондеҳи нирӯҳо дар Афғонистон будааст, ҳафтаи гузашта номаи махфии худро ба унвонии ҳукумат ирсол карда буд. Тафсилоти пайғоми мазкур дар шароите нашр мешавад, ки ҳанӯз баҳсҳо дар атрофи стратегияи нави Амрико дар Афғонистон доғ мешавад. Рӯзи чоршанбе президент Обама мулоқоти ҳаштуми худро бо фармондеҳони аршади низомӣ баргузор карда масоили марбут ба ирсоли 40 ҳазор нирӯи изофагиро ба Афғонистон барои муқобила бо Толибон ва шӯришиён бо онҳо матраҳ кард. Кохи Сафед мегӯяд, ки Обама бояд дар фурсати наздик ба як тасмими ниҳоӣ бирасад.
XS
SM
MD
LG