Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Восеъ: Хайрияи соҳибкорон қабул нашуд


Идораи вогиршиносии минтақаи Кӯлоб хайрияи соҳибкорони ноҳияи Восеъро аз дасти аҳолӣ ва беморхонаҳо мусодира намуд.

Ин хайрия, ки иборат аз 1,5 тон макарони навъи “Ролтон” будааст, дар рӯзи ҷашни қабули Сарқонуни кишвар, яъне 6‑уми ноябр аз ҷониби чаҳор соҳибкори маҳаллӣ миёни аҳолӣ тақсим шудааст. Аммо Саид Давлатов, сардухтури идораи вогиршиносии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳангоми шикояти аҳолӣ кормандони мо маълум карданд, ки “Ролтон”‑ҳои хайршуда, ки истеҳсоли корхонаи мавсум ба «Бердский»-и Русия будаанд, аз мӯҳлати истифодаашон ду моҳ сипарӣ ва ғайриистеъмол гаштаанд. Оқои Давлатов мегӯяд, дар ҳамин маврид эшон ба аҳолӣ ҳушдор додаанд, то ҳангоми харидорӣ ва дастрас намудани маводи ғизоӣ ба мӯҳлати истифодаи он аҳамият диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Саидова, як тан аз беморони бистарии беморхонаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, аз чунин хайри соҳибкорони маҳаллӣ сахт нигарон аст. Зеро дар сурати ноогоҳона истеъмол намудани чунин “Ролтон”‑ҳо эҳтимол саломатиаш бадтар мегардид.

Ба гуфтаи мақомоти дахлдор касе аз сокинони ноҳияи Восеъ ин маҳсулотҳои хайршударо истеъмол накардаанд. Салима Раҳимова, сокини дигари ин ноҳия мегӯяд, ҳангоме, ки хайрияи соҳибкорон дастраси онҳо шуд, аллакай онҳо бӯй гирифта буданд.

Дар ҳамин ҳол Ширинҷон Сафарзода, коршиноси маҳаллӣ аз фаъолияти ниҳодҳои санҷишгари минтақаи Кӯлоб интиқод намуд. Вай мегӯяд, ин камбудии ҷиддиро мардуми маҳаллӣ ошкор намудаанд, дар ҳоле, ки онҳо моҳҳо боз дар дӯконҳои фурӯш қарор доштанд. Аз ин рӯ, ба тахмини ӯ, шояд садҳо маротиба мардум ин гуна маҳсулотҳоро истеъмол намуда бошанд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин қазия идома дорад ва инчунин маҳсулоти мағозаҳои маҳаллӣ мавриди тафтиш қарор мегиранд.


Ба гуфтаи намояндаи идораи вогиршиносии Кӯлоб, ин ниҳод қаблан ҳамчунин фурӯши 700 килограм шири хушки заҳрдори чиноиро аз бозорҳои ин минтақа мусодира кардааст.

XS
SM
MD
LG