Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили солгарди хатми ҷанги якуми ҷаҳон


Имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам маросимҳои ёдбуд дар робита ба 91-умин солгард аз хатми ҷанги якуми ҷаҳон доир мешаванд. Дар бархе аз кишварҳо 11 ноябр рӯзи оштӣ ва дар ИМА Рӯзи ветеранҳо номгузорӣ шудааст.
Ангела Меркел нахустин садри аъзами Олмон хоҳад буд, ки Рӯзи оштиро бо ширкат дар маросими асосии ёдбуд дар Фаронса таҷлил хоҳад кард. Дар Австралия маросимҳои ёдбуд аллакай баргузор шуданд. Дар Британия соати 11-и рӯзи 11 моҳи 11 ҳама мардум дар садри малика Елизавета ба ёди “насли гузашта” ду дақиқа сукут хоҳанд кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, соли равон се тан аз охирин ширкаткунандагони ҷанги якуми ҷаҳон – Билл Стоун, Ҳенрӣ Аллингхэм ва Ҳаррӣ Пэтч аз олам даргузаштанд.
11 ноябри соли 1918 Олмон ва кишварҳои узви Антанта, баъди чаҳор соли ҷангҳои шадид, созиши сулҳро имзо карданд.
XS
SM
MD
LG