Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон тарҳи буҷаи давлатиро пазируфт


Имрӯз Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, тарҳи қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли ояндаро пазируфт. Вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов тарҳро барои вакилони парлумон ташреҳ кард ва таъкид намуд, ки ин буҷа зиддибӯҳронист. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми тавлидоти нохилоси миллӣ дар соли 2010 24,5 миллиард сомонӣ ваё назар ба соли равон 4 миллиард сомонӣ бештар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки рушди иқтисод 5 дар сад ва сатҳи таваррум 9 дар садро ташкил хоҳад дод. Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки соли оянда сармоягузории бахши маориф то як миллиарду 68 миллион сомонӣ боло хоҳад рафт. Ҳамчунин барои бахши беҳдошт 404 миллион сомонӣ ва барои рушди фарҳангу варзиш 214 миллион сомонӣ тахсис дода хоҳад шуд. Ҳамчунин дар тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2010 афзоиши сармоягузорӣ барои бахшҳои дифоъ, ҳифзи тартибот ва фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG