Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафовути фикронии бачаҳои бепадар


Эҳтимолан мағзи сари бачаҳое, ки бепадар калон шудаанд, дигаргуна аст ва аз мағзи сари бачаҳое, ки бо волидайн ба воя расидаанд, фарқ мекунад.

Ин аст хулосаҳои аввалияи як озмоише, ки гурӯҳе аз донишмандони Донишгоҳи Отто Ван Гуерики шаҳри Магдебурги Олмон анҷом додаанд.

Раҳбари гурӯҳи пажӯҳишӣ доктори илм Катарина Браун: “Мо фарзияи таъсири тарбияи падар ба рушди мағзи сарро таҳқиқ мекунем. Ва мо ин таҷрибаро дар ҳайвоноти хояндае, ки октодон дегус ном дорад, анҷом медиҳем. Бар хилофи аксари дигар ҳайвонот, ки насли онҳоро танҳо модар ба воя мерасонад, ин ҷондорҳо наслашонро ҳамроҳ бузург мекунанд, яъне падар ҳам дар нигоҳубини насл саҳм дорад. Дар таҷрибае, ки мо бо ин ҷондорҳо анҷом медиҳем, майнаи сари бачаи бо модар бузург шударо бо майнаи сари бачае муқоиса мекунем, ки ҳарду волидайнаш парвариш кардаанд. Таҳқиқи майнаи сари онҳо аз роҳҳои мухталиф анҷом мешавад. Мо аз ҷумла маҳалли тамоси ду нейрони асаб дар бахшҳои гуногуни мағзи сарро таҳқиқ мекунем, бахусус бахшҳои масъули эҳсосро, ки ҳамчунин барои омӯзиш ва хотира муҳиманд. Мо ҳамчунин амалкардҳои боздорандаи аъсоби ин ҷондорҳоро мушоҳида мекунем.”

Хуб натиҷаҳои аввалияи озмоишро ҳам шарҳ медодед, ки чӣ ба даст овардед?

“Агар умумӣ бигӯем, натиҷаҳои озмоишҳои мо нишон дод, ки дар мағзи сари насли модари танҳо тамосҳои нейронҳои асаб камтар шудааст ва ҳамчунин дар баъзе аз бахшҳои мағзи сар, ки амалкардаҳои боздорандагӣ коҳиш меёбад. Яъне, тавозуни ангезиш ва боздорандагии эҳсос дар баъзе аз бахшҳои майнаи сари он ҷонварҳо, ки таҳқиқ кардем, тағйир ёфтааст. Аммо ин тағйирот дар ҳамаи бахшҳои майнаи сар яксон нест ва ҳар бахши алоҳида тағйири мутафовит дошт. Яъне, тавозун миёни бахшҳои гуногуни майнаи сар, ки масалан ҳангоми сурудхонӣ, эҳсос ва ёдгирии мо ҳамроҳ кор мекунанд, зоҳиран дар майнаи сари ин ҷондорҳо тағйир ёфтааст.“

Ва рафтори ин ҷондорҳо ҳам мутафовит, яъне фарқкунанда аст?

“Ин суоли бисёр муҳим аст. Вале мо ба тозагӣ ба мушоҳидаи рафтори ҷондорҳо шурӯъ кардем, ва аз ин рӯ чизи зиёде доир ба тағйири рафтори онҳо гуфта наметавонем. Аммо мушоҳидаҳои аввалия нишон доданд, ки ҷондорҳои бепадар бештар бозиҳои дурушту хашин мекунанд. Вале намедонем, ки онҳо дар бузургиашон низ ҳамингуна рафтори дурушт хоҳанд дошт, барои ҳамин бояд мушоҳидаи он ҷондорҳоро идома диҳем. Дигар чизе, ки мо мушоҳида кардем, ин аст, ки зоҳиран он ҷондорҳо эҳсосоти худро камтар нигаҳ медоранд, яъне онҳо ҳассостаранд. Яъне вақте мо кӯшиш кардем, то он ҷондорҳоро чизе биёмӯзем, онҳо бетоқатӣ нишон дода ва ба омӯхтан талош намекарданд. Онҳо ба назар як каме ҳассостар мерасиданд. Ва дигарбора мегӯям, ки ин хулосаҳои аввалия аст ва мо бояд рафтори ин бачаҳои маҳрум аз падарро бояд мӯшикофона таҳқиқ кунем. “

Барои чӣ маҳз ҳамин октодон дегусро, ин хояндаҳои гӯшкалонро барои озмоиш интихоб кардед?

“Дар воқеъ дар олами ҳайвонот ин мавриди нодир аст, ки хояндаи хурд, рафтори волидайнро дорад. Танҳо чанд хояндаи дигар, ба мисли муши калифорния ва чанд навъи муш аст, ки рафтори волидайнро доранд. Аз ин рӯ октодон дегус аз назари ҳамин хислати волидайниаш барои мо ҷолиб буд ва ҳамчунин аз он назар, ки октодон дегус назар ба калламушу мушҳо ба инсонҳо монандтар аст. Масалан бачаҳои навзоди онҳо, баъди таваллуд, мешунаванду мебинанд ва ҳаракат мекунанд, ки ба хислатҳои кӯдаки навзоди инсон бисёр наздик аст. Аммо бачаҳои мушу калламушҳо баъди таввалуд на мешунавад, на мебинад. Онҳо фавқуллода рушднокардаанд ва бештар ба ҷанини батн мемонад. Хосияти саввуми ин ҷондорҳо ин аст, аъзои нотиқаи печидае доранд, ки дар хонавода бо савту садои мухталиф муколама мекунанд, бахусус бачаҳо бо волидонашон. Аз ин рӯ онҳо ба инсон монандиҳои зиёд доранд, чизе ки дар калламушу мушҳо намебинем. Ва чанде пеш як таҳқиқоти олимони ҷопонӣ нишон дод, ки октотодон дегус, ҷондори бисёр зирак буда ва ҳатто барои дарёфти ғизо аз асбоб истифода мекунанд. Яъне ин ҷондорҳо назар ба мушу калламушҳо закитар ҳастанд. “

Пас метавонем, бигӯем, ки бепадарӣ метавонад сабаби ҳамингуна тағйирот дар рушди майнаи сари бачаи инсон ва ё тағйир дар рафтори онҳо шавад?

"Ин суоли бисёр муҳим аст, зеро ҳайвонҳо ҳайвонанд ва инсонҳо ҳам ҳайвонанд, вале ҳайвони олидараҷа. Яъне, суол ин аст, ки дар воқеъ мо ҳам метавонем аз инсонҳо чунин чизҳоро интизорот дошта бошем. Дар сатҳи ҳуҷайраҳо, вақте мо ба нейронҳо ва ҳуҷайраҳои асаб нигоҳ мекунем, хосияти ҳуҷайраҳои асаби хояндаҳову инсонҳо яксонанд, яъне нусхаи ҳаманд. Аз ин рӯ, дар сатҳи ҳуҷайраҳо таҳқиқоти майнаи сари ҳайвон ба инсонҳо метавонад ба мағзи сари инсон ҳам дуруст ояд. Аммо дар айни ҳол бо вуҷуди монандии системаи асаби хояндаҳо ба системаи асаби инсон, аз онҳо оддитар аст. Аз ин рӯ суоле бармеояд, ки оё печидагиву мукаммалии системаи асаби инсон хосияти ҳимоятӣ дорад ва бачаи бепадарро аз он зуҳурот эмин медорад ва ё баръакс ҳамин печидагии системаи асаби инсон онро осебпазиртар мекунад. Яъне шояд халалдор кардани системаи асаби печидаи инсон назар ба халалдор кардани системаи асаби соддаи ҳайвон осонтар аст. Ин як суоли боз аст ва агар шумо бо равоншинос сӯҳбат кунед, ғолибан ба шумо хоҳад гуфт, бисёре аз беморонаш дар кӯдакӣ маҳрумият ва ё осеби равонӣ дидаанд, ки баъдан ба касолати асабӣ расонидааст. Ҳамчунин таҳқиқоти зиёде нишон додааст, ки кӯдакони бепадар, мушкилоти ахлоқӣ ва мизони поёни заковат доштаанд.
XS
SM
MD
LG