Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Доғи сиёҳе бар чеҳраи таърих..."


“КГБ ва ашъори дигар”, китоби адиби шинохтаи рус Игор Померантсев ахиран аз сӯи нашриёти “Грани-Т”- и Киев ба чоп расид.

Игор Померантсев, адиб ва диссиденти рус, солҳои 70-уми қарни гузаштаро, ки дар Иттиҳоди шӯравӣ таъқибу фишор болои дигарандешон ба авҷи боло расида буд ва ҷомеъа дар фазои ваҳму тарс ба сар мебурд, “доғи сиёҳе рӯи таърих” мехонад.

Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ӯ гуфт, “дар кишварҳое чун Олмону Италия ва Испания, ки истибдоди давлатӣ ва истибдоди мақомоти амнияту ҳифзи тартиботро паси сар кардаанд, дар бораи бархурди инсон ва давлат асарҳои бадеии зиёде эҷод шуда, филмҳои зиёде рӯи навор омаданд ва тавассути онҳо мардум бо воқеъияти он ҳаводис аз наздик ошно шуданд”.

Ва аммо, меафзояд Игор Померантсев, дар Русияву Украина ва дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ фазо ва ҳаводиси солҳои 70-ум аз сӯи аҳли қалам ва синамогарон ба таври кофӣ тасвир нашудаанд. Аз таъқибу фишор болои афроди дигарандеш ва бо далелҳои, аз нигоҳи имрӯз, ночиз, бигирем, барои мутолиаи китобҳои он замон мамнӯъ, китобҳое чун “Галаҷазираҳои Гулаг”-и Солженитсин, ба зиндон афкандани шаҳрвандон, фақат аз чанд асар, аз ҷумла, аз қиссаҳои Сергей Довлатов метавон ошно шуд.

Игор Померантсев мегӯяд, солҳои 70-ум то ҳол аз ёдҳо зудуда нашудаанд ва мардум ҳам таъқиби кумитаи амнияти миллиро дар ёд доранд ва ҳам ба хотири мансабу мақом аз волидайн ваё аз фарзандон рӯ тофтану ба ҷосусҳои КГБ табдил шуданҳоро. Аз нигоҳи Игор Померантсев, дар бораи ин ҳаводис имрӯз бояд навишт, имрӯз, ки шоҳидони он ҳаводис дар қайди ҳаётанд.

Игор Померантсев дар китоби худ ҳодисаҳо ва фазои солҳои 70-ум, аз ҷумла, рӯзҳои таъқиб аз сӯи КГБ ва боздошту маҷбур ба фирор аз ватан шуданашро бо забони шеър тасвир кардааст. Аз ӯ суол кардам, ки чаро маҳз бо шеър ва на тавассути ҳикояву қисса?

“Шумо мепурсед, ки чаро тавассути шеър? Барои он ки шеър, агар дар он заррае истеъдод мавҷуд аст, поянда мемонад, шеър метавонад фазои солҳои 70-умро хело хуб инъикос кунад. Ва аммо очерку ахбори рӯзмарра фақат асноданд. Ба ҷуз аснод, боз, ба истилоҳ, паёми моломол аз эҳсос мавҷуд аст ва ман гумон мекунам, ки дар ин китоб ин гуна паёмро метавон пайдо кард”.

Игор Померантсевро соли 1977 дар шаҳри Одесса, дар соҳили баҳри Сиёҳ боздошт карданд. Иттиҳоми ӯ барои он солҳо хело ҷиддӣ буд – мутолиа ва тарғиби китобҳои мамнӯъ. Ба гуфтаи адиб, даврае, ки мавриди боздошт ва пурсуҷӯ қарор дошт, ба давраи имтиҳони садоқати дӯстону пайвандонаш табдил шуд. Ва ин имтиҳон, тавре дар шеърҳояш низ ишора шудааст, бархе аз онҳоро шикаст.

Игор Померантсев мегӯяд, ки тақрибан нисфи шеърҳои китоби нав маҳз солҳои 70-ум эҷод шудаанд ва боқӣ - баъдан, айёми муҳоҷираташ дар Ғарб. Ӯ меафзояд, ки аз шеърҳои чиҳил сол пеш иншокардааш дил канда наметавонад, ҳарчанд аз онҳо бӯи он даврони барои талху ногувор ба димоғ мерасад ва фазои ваҳму тарси он солҳо дар ёд дубора эҳё мешавад:

“Се ҳафта баъд аз боздошти Евген
Володимир омад.
Ва ӯ маро аз хона берун хонд,
Метарсид, ки манзили маро “гӯш мекунанд” ва ҳақ ҳам буд.
Шахси эҳтиёткоре буд ӯ.
Мо берун рафтем. Володимир меларзид.
Ман дар ҳоли ногувор мондам ва гуфтам:
“Ҳаво имрӯз ин қадар сард аст”.
Ӯ бо забони хушк пичиррос зад:
“Евгенро ёд дорӣ. Ӯро ҳабс карданд”.
Баъд лаҳзае таваққуф кард ва пурсид:
“Аз украиниҳо касе дар шаҳр боқӣ мондааст?
“Бале, чанд рӯз пеш Надия аз маҳбаси Мордовия баргашт”.

Дар китоб аксҳои зиёде ҳам мавҷуданд, аз ҷумла, акси нодири боздошти диссиденти машҳур Александр Подрабинек аз сӯи кормандони кумитаи амнияти миллӣ.

Боздошти Александр Подрабинек, дигарандеши шӯравӣ.


Игор Померантсев мегӯяд, ки “ман ин аксро то охири умр дар ёд хоҳам дошт. Онро ман бори аввал соли 1978 дар як маҷаллаи дифоъ аз ҳуқуқи башари Олмон Ғарбӣ дидам. Ва замоне, ки ин китобро таҳмя мекардам, баъди талошҳои зиёде оқибат ин аксро пайдо кардам. Он дар бойгонии созмони “Мемориал” маҳфуз аст. Ин акси басо нодир аст – акси боздошти дигарандеш, ки аз тирезаи як манзил аккосӣ шудааст ва дар он пушти Подрабинек ва пушти сари кормандони КГБ-ро метавон дид. Дар атроф бошад, кудакон бозӣ мекунанд ва зиндагӣ ҷараён дорад... Ин манзара навор аз филми олии бадеиро ба ёд меоварад. Ва аз ин рӯ ин акс ҳам ба китоб ворид шудааст. Ба ҷуз он, дар китоб аксҳои хонаводагӣ ҳам ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин соли 1978, вақте, ки ман шӯравиро тарк мекардам, аксҳои беш аз бист маҳбуси сиёсии Украинаро барои нашрияҳои ғарбӣ ва Афви байнулмилал бо худ бурдам ва онҳо низ ба ин маҷмӯа ворид карда шудаанд”.

Зимнан, китоби Игор Померантсев бори аввал ва он ҳам бо забони украинӣ нашр шудааст. Муаллиф мегӯяд, ки китоб дар яке аз нашриётҳои Маскав чанд моҳ боз интизори рӯзи чоп аст ва умедвор аст, ки он рӯз ҳарчӣ зудтар фаро расад.
XS
SM
MD
LG