Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии байни киштиҳои ду Корея дар баҳри Зард


Киштиҳои ҷангии Кореяҳои шимоливу ҷанубӣ дар баҳри Зард вориди задухӯрд шудаанд. Аз қавли мақомоти низомии Кореяи ҷанубӣ гуфта мешавад, ки киштии дидбонии Кореяи шимолӣ бо убури марзи баҳсии ду кишвар дар баҳри Зард киштии Кореяи ҷанубиро маҷбур ба кушодани оташи огоҳкунанда кард. Киштии Кореяи шимолӣ ба дунбол оташи ҷавобӣ кушода, ба самти киштии Кореяи ҷанубӣ шино кардааст.
Мақомоти Сеул мегӯянд, киштии Кореяи шимолӣ ҷиддан тахриб шудааст. Дар бораи кадом хисороти дигари тарафҳо хабаре то ҳол нарасидааст.
.
XS
SM
MD
LG