Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мунтазири посухи Эрон аст


Глин Дейвис - намояндаи Амрико дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, имрӯз гуфт, кишвараш мойил аст, ба Эрон фурсат бидиҳад, то ба созиши атомие посух бигӯяд, ки ҳадаф аз он фӯру нишондани нигарониҳо аз барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аст. Глин Дейвис, ки дар шаҳри Вена дар ин бора сухан мегуфт, ҳамчунин афзуд, ки Амрико умедвор аст, Эрон ба зудӣ ба созиши пешниҳодӣ посух хоҳад дод. Эрон то кунун ба созиши пешниҳодии Созмони Милал посухи расмӣ надодааст, ки бар асоси он бояд ураниуми ғализии ками Эронро дар хориҷ аз он ба сӯхт табдил дода ва ба ин кишвар баргардонанд. Сиёсатмадорони эронӣ ба ин пешниҳод вокуниши манфӣ нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG