Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни интихоботи Ироқ ба тасвиб расид


Дар остонаи интихоботи сартосарии Ироқ порламони ин кишвар Қонуни интихоботро ба тасвиб расонд. Тақсими оро дар шаҳри нафтхези Киркук монеаи аслӣ дар роҳи тасвиби қонуни мазкур ба шумор мерафт. Дар ин шаҳр ҳам курдҳо ва ҳам арабҳо ба сар мебаранд. Намояндагони порламони Ироқ тасмим гирифтанд, ки райҳо дар шаҳрҳое мисли Киркук, ки миллиятҳои гуногун дар он ҷойҳо ба сар мебаранд, муваққатӣ дониста шавад. Нозирон бар ҷараёни мунозираҳо роҷеъ ба қонуни интихоботи Ироқ аз наздик назорат мекарданд, зеро ин нигарониҳо вуҷуд дошт, ки мумкин аст баргузории интихоботи порлмонӣ ба таъхир афтад ва он ба нақшаҳои Амрико барои фаро хондани нируҳояш аз Ироқ асар гузорад. Аммо дирӯз намояндагони порлмаон тавонистанд Қонукни интихоботро ба тасвиб расонанд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико порламони Ироқро бо ин дастовард табрик гуфт.
XS
SM
MD
LG