Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Гӣ Мун: "СММ дар Афғонистон хоҳад монд"


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун гуфт, ин созмон аз Афғонистон хориҷ намешавад, вале муваққатан ҳудуди 200 корманди хориҷиашро ба далели вазъи хатарноки амниятӣ дар берун аз он кишвар мустақар хоҳад кард.
Бан Гӣ Мун рӯзи ҷумъа дар пайи гузоришаш ба Шӯрои Амният дар бораи боздиди ахири худ аз Афғонистон гуфт, хабарҳои қаблан дар матбуот нашршуда дар бораи эҳтимоли хуруҷи ҳудуди 600 корманди СММ аз Афғонистон дуруст нест.
Раҳбари СММ тааҳҳуд супурд, ки ин созмон бо вуҷуди ҳамлаи хунини рӯзи 28 октябр, ки мунҷар ба ҳалокати 5 корманди СММ шуд, фаъолияташро дар Афғонистон идома хоҳад дод.
Шӯрои Амният аз давлати ояндаи Афғонистон даъват кард, ҷиҳати беҳдуди вазъи амниятӣ, ташвиқи ваҳдати миллӣ ва мубориза бо фасод иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG