Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дифоъ дар Душанбе ҷамъ мешаванд


Рӯзи 10-уми ноябр дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, дар он Консептсия ё назарияи ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои узв дар Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд баррасӣ шавад. Ҳамчунин интизор меравад, дар ин нишаст нақшаи кори шӯрои мазкур барои соли 2010 баррасӣ ва тасвиб шавад. Ин дар ҳолест, ки худи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ҳамчун созмон дар бӯҳрон ба сар мебарад. Эълон шудааст, ки дар мулоқоти Душанбе вазирони дифоъи Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG