Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми савганди ҳукумати нави Қирғизистон


Ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон имрӯз дар порлумони ин кишвар савганд ёд кард. Раисиҷумҳури Қирғизистон, Қурманбек Боқиев гуфт, ҳукуматро аз рӯи меъёрҳои нав таъсис дод ва он акнун муассиртар хоҳад буд. Вай афзуд, шароити феълӣ ва бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ӯро водор кардаанд, ки ба мутахассисони қавӣ такия кунад. Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 20-уми октябр баъд аз эълони Боқиев дар бораи ислоҳоти густарда пурра ба истеъфо рафт. Бо фармони ӯ ва тасвиби порлумоени Қирғизистон шумораи вазоратҳо дар ин кишвар то 14 адад коҳиш дода шуд. Собиқ раиси дастгоҳи президент Дониёр Ҳусенов сарвазир таъин гашт.
XS
SM
MD
LG